ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, зимни нишаст аз рушди дандонпизишкии кӯдакона дар кишвар зикр шуда, таъкид гардид, ки феълан дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 5 сохтори стоматологии кӯдакона фаъолият доранд.
“Аз ҷумла шӯъбаи кӯдакона дар муассисаҳои давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй”, шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй кӯдакона дар “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ба 20-кат, 2-дармонгоҳи стоматологияи кӯдакона дар шаҳри Душанбе, 1-дармонгоҳӣ стоматологии кӯдакона дар вилояти Суғд, шаҳри Хӯҷанд, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2-ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона, дар вилояти Хатлон 4-ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона фаъолият менамоянд”, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият дорад ва айни ҳол 8 нафар ординатори клиникӣ таҳсил доранд.
“Дар ин кафедра ҳам таҳсилоти тодипломӣ ва ҳам баъдидипломӣ гузаронида мешаванд. Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон фаъолият дошта, 4 нафарашон номзади илми тиб мебошанд”, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 134 табиб-стоматологи кӯдакона, аз он ҷумла 11 нафар табиб-ортодонт фаъолият менамоянд.
“Аз шумораи умумии табибони стоматологи кӯдакона 58,9% дар шаҳри Душанбе 11,2% дар вилояти Хатлон, 20,1% дар вилояти Суғд, 8,2% дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 1,5% дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва фаъолият менамоянд”, - таъкид кардааст мақомоти тандурустӣ.