ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Узбакистон мағозаҳои интернетӣ якбора даҳҳо фармоиши сокинонро бораи хариди "кроссовки"-ҳои мисли пӯшидаи президент Шавкат Мирзиёев қабул кардаанд.
Пештар духтари президент Саида Мирзиёева акси оши палавпазии Мирзиёвро нашр карда буд.
Расонаҳои Узбакистон менависанд, ки корбарон ин аксро хело хуб омӯхта, "бренд"-и либосҳои президент, аз ҷумла пойафзори ӯро муайян кардаанд.
"Савдо хело гарм шуд. Дар интернет-мағозаҳо кроссовкиҳои президент талош мешаванд", - менависанд расонаҳои Узбакистон.
Нархи кафши президент 550 долларро будааст.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки акси ошпазии президенти Узбакистон пурбаҳстарин акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Онро ҳатто корбарони тоҷик бознашр карданд.