Заҳролудшавии 16 узбакистонӣ дар Қазоқистон

Фоҷиа дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Карагандаи Қазоқистон, шаби 3 юми июн ба вуқӯъ пайвастааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Шонздаҳ шаҳрванди Узбакистон дар яке аз сохтмонҳои Қазоқистон аз газ заҳролуд шуданд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ узбакистониҳо аз газе, ки дар дохили баки сӯзишворӣ дар ҳудуди сохтмон ҷойгир будааст, заҳролуд шудаанд. Онҳо яке аз қисмҳои сохтмонро таъмир мекардаанд.

Дар ин росто, консули Узбакистон дар Қазоқистон, Дилшод Ҳакимов барои огоҳ шудан аз аҳволи заҳролудшудагон ба беморхона рафтааст.

Заҳролудшавии шаш духтари узбак дар Русия

Айни ҳамон дар табобатхона 12 тан аз коргарони заҳролудшуда боқӣ мемонанд.

Ҳамаи 16 нафари заҳролудшуда пас аз ҳодиса, дарҳол ба беморхона интиқол дода шудаанд, вале чаҳор нафарашон даррав ҷавоб дода шудаанд, чун ҳолаташон хуб арзёбӣ шудааст.

Пизишкон ба намояндаи расмии Узбакистон гуфтаанд, ки ба зиндагии муҳоҷирон чизе таҳдид намекунад.

Дилшод Ҳакимов гуфтааст, ки аҳволи заҳролудшудагон то рафт беҳтар мешавад ва мувофиқи қавонину ҳуқуқи башар, ҳамагуна ёрии тиббӣ ба онҳо расонида мешавад.

Дипломат ҳамчунин қайд карда, ки айни замон бо намояндагони мақомоти қудратӣ дар гуфтугӯ ҳастанд ва сабаби аниқи ҳодиса муайян карда мешавад.

Фоҷиа дар яке аз сохтмонҳои вилояти Карагандаи Қазоқистон, шаби 3 юми июн ба вуқӯъ пайвастааст.