Путин мусалмононро бо Иди Фитр шодбош гуфт

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба тамоми мусалмонони кишвараш саломатӣ, бурдборӣ ва иди хушро таманно кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Роҳбари Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин ва тамоми мусалмонони Русияро бо Иди Рамазон шодбош гуфт.

"Ба шумо ва тамоми мусалмонони Русия саломатӣ, бурдборӣ ва иди хушро таманно дорам", - омадааст дар варақаи шодбошии Путин.

Раисҷумҳур афзудааст, ки Иди Фитр рамзи тозагии рӯҳӣ буда, некӣ, меҳрубонӣ, эҳтироми якдигарро тарғиб мекунад, ки садсолаҳост асоси дини Ислом ба ҳисоб меравад.

Раисҷумҳур қайд кардааст, ки мусалмонони Русия дар корҳои бунёдкорӣ дар кишвар саҳми бузург мегузоранд, ки қобили эҳтиром аст.

"Афзун бар ин пайравони Ислом дар Русия ба фоъолияти маърифатпарварӣ аҳамияти муҳим медиҳанд, дар корҳои хайр иштирок мекунанд ва ба онҳое, ки ба кӯмак махсусан мӯҳтоҷанд, дасти ёрӣ дароз мекунанд. Албатта дар мубориза бо ғояи ифротгароӣ ва бетаҳаммулӣ низ саҳми арзанда доранд", - афзудааст Путин.

Ёдрас мешавем, Иди Фитр дар Русия имрӯз, 4 июн таҷлил мешавад.

Пештар, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор дода буд, ки Иди Фитр дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мегардад.

Мусалмонони ҳарду кишвар аз 6 май рӯза гирифтанд.