10 000 сомонӣ кумаки раис ва вазир ба хонаводаи падару писар, ки зери тарма ҷон бохтанд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ба муносибати иди саиди Фитр ба хонаводаи ниёзманд 10 000 сомонӣ кумак расониданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков, ин кумакпулӣ ба хонаводаи падару писар Ақризобек Уталбеков ва Мастулбек Уталбеков, ки дар паи фаромадани тарма ҳалок шуданд, расонида шуд.

"Муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии ҶТ, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр бахшида ба иди саӣиди Фитр ба хонаводаи падару писаре, ки дар вақти фуромадани тарма дар роҳи Ишкошим - Хоруғ қурбон шуданд кумаки моддӣ бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ расониданд",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли равон дар пайи лағжиши тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим ду тан - падару писар ба ҳалокат расиданд.

Ҳодиса шоми 17 январ рух дод. Он замон, падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим нигоҳдорони роҳ, ки ба тоза кардани роҳ машғул буданд, 

Ҳалокати падару писар дар пайи лағжиши тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим

Ногаҳон, соати 16:30 дар километри 32-юми мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим, аз кӯҳ тарма фаромада, се нафар корманди Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошимро ба коми худ кашид.

Дар натиҷаи ин фоҷиа падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи техникаи роҳтозакунии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим Амирбек Шодмонбеков, соли таваллудаш 1967 аз зери тарма наҷот дода шуд.