Имрӯз мусалмонони Русия Иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд. Қариб дар масҷидҳои тамоми шаҳрҳои мусалмоннишини кишвар соати 07:00 намози ид баргузор шуд.
Дар Масҷиди ҷомеи Маскав низ намози ид баргузор шуд, ки дар он садҳо муҳоҷирони тоҷик иштирок доштанд.
Шӯрои улумои Тоҷикистон пештар қарор дод, ки Иди Фитр дар кишвар 5 июн таҷлил мешавад. Намози идро мусалмонон соати 06:00 барпо хоҳанд кард.
Иди Рамазон — яке аз ҷашнҳои бузургтарини мусулмонони ҷаҳон ва мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ҷашн дар охири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, рӯзи бахшидани гуноҳҳои якдигар, некию накӯкорӣ дониста мешавад.
Имсол мусалмонони Тоҷикистон ва Русия аз 6 май рӯза гирифтанд.
Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд.
Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.
Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.