Баҳси нафақаи муҳоҷирон дар суҳбати Додону Козак

Додон ва муовини нахуствазири Русия масъалаи нафақаи муҳоҷиронро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Игор Додон, раисҷумҳури Молдова ва Дмитрий Козак, муовини нахуствазири Русия масъалаи гардиши савдои хориҷӣ ва нафақаи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуданд.

Игор Додон, раисҷумҳури Молдова дар нишасти матбуотӣ эълон намуд, ки бо муовини нахуствазири Русия Дмитрий Козак масъалаи гардиши молу маҳсулот ва нафақаи муҳоҷиронро баррасӣ намудааст.

Ҳамоҳангии Путину Раҳмон дар мавриди муҳоҷират дар Маскав баррасӣ шуд

“Дар се моҳи соли равон аз лаҳзаи бардоштани боҷҳои гумрукӣ, содироти маҳсулоти мо афзоиш ёфтааст. Аммо ин сабукиҳо як моҳи дигар давом мекунанду халос. Барои ҳамин мо барои тамдиди намудани сабукиҳои боҷи гумрукӣ гуфтушунидро идома хоҳем дод. Масъалаи дувуме, ки мо зери он баҳс кардем, ин масъалаи муҳоҷират буд. Мо гомҳои ҷиддие, қабул намудем, ки ҳангоми ба нафақа баромадани шаҳрвандони Молдова собиқаи кории вай дар Русия ба инобат гирифта шавад”, - гуфт Додон.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Молдова мувақаттан аз байн бурдани боҷҳои гумрукӣ, ки 1 январ то 1 июл идома меёбад имкон додааст содироти себу нокро дар ҳаҷми 27 дарсад сабзавоту консерваҳо ба 20 дарсад ва шаробро ба 43 дарсад афзоиш диҳад.

“Мо дар семоҳаи аввали соли равон рушди гардиши молу маҳсулотро дар ҳаҷми 10,5 дарсад мушоҳида кардем. Бояд қайд намуд, ки гардиши молу маҳсулот миёни Русия ва Молдова дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба 40 дарсад расида буд. Дар солҳои 2012 мо бо Русия дар ҳаҷми 1,6 миллиард доллар додугирифт доштем”, - гуфт дмитрий Козак.

Муовини нахуствазири Русия гуфт, пушти рақамҳои гардиши молу маҳсулот ва содирот на танҳо нишондиҳандаҳои молиявист, балки ҷойҳои корӣ барои ҳазорҳо нафар.  

Муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш ёфтааст

“Муҳимтарин ҷанбаи ҳамкории мо - ин ғамхорӣ нисбати шаҳрвандони Молдоваст, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд. Дар Русия тақрибан 500 ҳазор шаҳрванди Молдова ба сар мебарад. Дар се соли ахир, ҳаҷми интиқолҳои пулӣ аз Русия ба Молдова 1,5 миллиард долларо ташкил додааст”, - гуфт Козак.

Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои Русия ва Молдова пас аз қабули парлумони Молдова санад дар бораи ассосиатсия бо Иттиҳодияи Аврупо бад шуд. Тибқи санади мазкур Молдова бояд дари бозори худро барои молҳои Аврупо коимилан боз намояд. Русия аз воридшавии молу маҳсулоти аврупоӣ ба бозорҳои ИДМ ва кишварҳои узви Иттиҳодия гумрукӣ тавассути Молдова нигарон шуд ва ба ҳимин хотир Русия барои маҳсулоти тавлиди Молдова маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.