Таҷлил аз иди Фитр бо баргузории барномаҳои мухталифи суннатӣ сурат мегирад. Ҳатман дар ҳар хонадон ид субҳи барвақт аз шодбоши идгардаки кӯдакон оғоз мешавад, ки дари ҳар хонаро кӯфтанд ва дар ивази муборакбодӣ идона дарёфт мекунанд.
Аммо қабл аз ид дар дӯкону бозорҳо пойтахт сокинон ба хариди меваю сабзавот машғул ҳастанд. Мардум дар ин рӯзҳо бештар ба харидории маводи ғизоӣ рӯй овардаанд. Сокинон барои оростани дастархони идона ба бозорҳову дуконҳои шаҳр рафта, беҳтарин ва тару тозатарин меваю сабзавот мехаранд. Sputnik Тоҷикистон пеш аз ид ба бозору дӯконҳои шаҳр рафта гузориши аксие омода кардааст.