Ҳушдори ҳавошиносон: борони шадид, раъду барқ, жола ва сел дар назар аст

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки 3 июн дар кишвар ҳавои номусоид боқӣ монда, дар бархе аз навоҳӣ борони шадид ва раъду барқ дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ҳавошиносони Тоҷикистон дар назар аст, ки сатҳи оби дарёҳои кишвар боло равад.

Қарори Ҳукумат барои бештар кардани кормандони идораи замин

Манбаъ мегӯяд, дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва борон дар назар буда, шабона боришот шиддат мегирад. Ҳавошиносон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ низ боронро пешгӯӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асари борони шадид ва сели 2 июн дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлони Тоҷикистон даҳҳо хонавода осеби моддӣ дида, як ҷавони 18-сола, сокини деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон ҷон дод.

Талафоти моддӣ ва ҷонӣ аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад ва ҷузъиёти он ироа хоҳад шуд.