Вакилони парлумон масъалаи аз оби нӯшокӣ то рафъи обҳои партовро муҳокима намуданд

Вакилони парлумони Тоҷикистон зимни ҷаласаи навбатӣ се масъалаи муҳим вобаста ба оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ доир ба илму техникаро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Имрӯз вакилони парлумони Тоҷикистон се масъаларо мавриди муҳокима қарор доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон.

Тавре манбаъ хабар додааст зимни ҷаласаи Шӯрои парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Тоҷикистон  “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” ва доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” -ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Парлумон сабукиҳо барои арзонии орду рушди футболро тасвиб кард

Бино бар иттилои манбаъ,  бо қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”  бехатарии оби нӯшокӣ, таъмини сифат ва бехатарии обҳои партов, назорати давлатӣ ва баҳисобгирӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба оби нӯшокӣ ва обҳои партов беҳтар мегардад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” зикр намудааст, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади пешгирии бемориҳои камхунии норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи “В”, йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ сабаби фавти бармаҳали модарону кӯдакон гардидаанд ва ба маъюбӣ, аз ҷумла кретинизм оварда мерасонанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Гуфта мешавад, ки аъзои Шӯрои  Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарори дахлдор қабул намуданд.