ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба даҳгонаи ширкатҳои ҳавоӣ бо лазизтарин ғизо ворид шуд.
Феҳристи ширкатҳои ҳаопаймоии хориҷиро бо лазизтарин таом, вебгоҳи "Туту.ру" омода кардааст. Ин ширкат 27,5 ҳазор шарҳи мусофиронро аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи апрели соли 2019 таҳлил кардааст.
Мувофиқи таҳлил, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз рӯи лазизтарин ғизо да дохили киштии ҳавоӣ, дар ҷои ҳафтум қарор гирифтааст.
Дар сатри аввали феҳрист ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Havo Yullary ҷой гирифту мақоми дуюмро ширкати озарбойҷонӣ-Azerbaijan Hava Yollary аз худ кард. Сегонаро ширкати туркии Turkish Airlines хотима медиҳад.
Муҳоҷир бисёр: ду хатсайри нави "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Русия
Ҳамчунин ба феҳрист ширкати олмонии Lufthansa, қазоқии Air Astana, гурҷистонии Georgian Airways, молдовии Air Moldova ва ду ширкати юнонии Aegean Airlines ва Ellinair ворид шуданд.
Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон бо муваффақият анҷом медиҳад. Боғи ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.