Илми дур аз истеҳсолот: таъкиди камбудии кори олимон дар Академияи улум

Фаъолияти яксолаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ – тадқиқотии Тоҷикистон дар Академияи улуми кишвар баррасӣ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Академияи улум, бо иштироки кормандони муассисаҳои илмии кишвар ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ - тадқиқотӣ баргузор шуд. 

Пас аз дастури Раҳмон: Аҳмадзода Суғдро барои таҷлили 5500-солагии Саразм омода мекунад

Манбаъ иттилоъ дод, ки Қосимшо Искандаров, саркотиби илмии АИ ҶТ дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ - тадқиқотӣ аз моҳи майи соли 2018 то моҳи майи соли 2019 маърӯза кард. 

“Дар ҷаласа ҷиҳати баррасии маблағгузорӣ ва экспертизаи лоиҳаҳои илмӣ баҳс доир гардид. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ғолибан лоиҳаҳои илмӣ дар сатҳи ҷавобгӯ пешниҳод намешаванд”, - омадааст дар иттилоия. 

Манбаъ таъкид кардааст, ки маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ - тадқиқотӣ сол аз сол зиёд мегардад, аммо мақсади асосӣ, ки татбиқи лоиҳаҳои илмӣ дар истеҳсолот ва омодасозии кадрҳои илмӣ маҳсуб мешаванд, чандон назаррас нестанд. 

Академияи улуми ҶТ иттилоъ дод, ки дар ҷаласа барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ - тадқиқотӣ қарор ба тасвиб расид.