Дар Тоҷикистон намояндаи қалбакии ширкати “LNS” мехост пирамидаи молиявӣ созад

Дар Тоҷикистон намояндаи қалбакии ширкати “LNS” ба ошнои худ ваъда додааст, ки барои ҷалби ҳар нафар ба ширкати онҳо барояш 40 доллар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Марди 30-сола ба он айбдор мешавад, ки аз номи кадом як ширкати "LNS”, ки ба пирамидаи молиявӣ шабоҳат дорад, аз мардум чандин ҳазор доллар ҷамъ кардааст, иттилоъ додааст додситонии кулли Тоҷикистон.

 Бино бар иттилои манбаъ, Ноёфтов Ақназар Пайшанбиевич, худро ҳамчун намояндаи ширкати “LNS” дар  Тоҷикистон муарифӣ карда  ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳхатҳои туристӣ, таҷҳизотхои маишии барқӣ ва ғайра пешниҳод мекардааст.

Бунёда шавҳарро кушту дар зери фарши ҳуҷрааш гӯр кард: шарҳи Додситонии кулл

Манбаъ қайд намудааст, ки 11 апрели соли равон, тахминан Ноёфтов А.П., ҳангоми фаъолияти ғайриқонуниаш ба сифати намояндаи ширкати туристии “LNS”, бархилофи талаботҳои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” муомилоти пулӣ бо асъори хориҷиро ба анҷом расонида, ба харидорони шартӣ 2 адад роххати туристӣ, 2 адад соат, 2 адад дастмона ва 4 адад таҷҳизотҳои маишии барқиро бо арзиши панҷ ҳазор доллар ва шаш ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, ин маблағро аз онҳо гирифтааст.

Тавре манбаъ зикр намудааст,  дар рафти санҷиш маълум гардид, ки Ноёфтов Ақназар бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ худро намояндаи ширкати “LNS” дар Тоҷикистон муаррифӣ карда, даст ба ташкили пирамидаи молиявӣ зада, аз шаҳрванд Рамхудоев     Афзалшо 5720 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ҳамчун аъзо дар сомонаи интернетии ширкати “LNS” ба ӯ утоқи корни алоҳида кушода, ҳангоми ҷалб намудани боз ягон нафари дигар ба аъзогии ширкат, аз ҳисоби ширкат барои ҳар як нафари ҷалб мекардаашон ба ӯ 40 доллари ИМА, пардохт карда мешавад.

Гуфта шудааст, ки Ноёфтов бо роҳи фиреб аз Рамхудоев А.М, маблағи 5720 сомонӣ гирифта онро тассаруф намуда, ба ӯ зарари ҷиддӣ расонидааст.

Нисбати Ноёфтов Ақназар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни замон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.