ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Манбаъ хабар додааст, ки Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор дар бораи робитаҳои дуҷониба ва таҳавулоти байналмиллалӣ табодули назар карданд.
Инчуин тарафҳо дар рафти мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла равобити тиҷоратию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол бино бар иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Ризо Ардагониён вазири нерӯи Эрон низ гуфтугӯ кард.
Робитаҳои Теҳрон- Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бо барасмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шудааст.