Шӯрои уламо рӯзи таҷлили иди Фитр ва вақти намози идро эълон кард

Иди Рамазонро дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз дар рафти як маҷлиси уламо рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро дар Тоҷикистон эълон кард.

Тавре аз Маркази исломии Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар доданд, иди Рамазон дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мешавад.

Намози ид, субҳи 5 июн, соати 06:00 баргузор хоҳад шуд.

Интизориҳо: дар намози ҷумъа рӯзи иди Рамазон эълон нашуд

Ёдрас мешавем, Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози Рамазонро низ 1 май эълон карда буд.

Мусалмонони Тоҷикистон аз 6 май рӯза гирифтанд ва рӯзи охирони Рамазон 4 июн гуфта мешавад.

Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.

Дар Русия - 4 июн, Узбакистон ва як қатор кишварҳои дигар низ рӯзи таҷлили иди Фитрро ба 5 июн эълон кардаанд.