Раъду барқу сел: ҳаво дар Тоҷикистон якбора паст мешавад

Бино бар пешбинии ҳавошиносон, дар Тоҷикистон аз 1 то 3 июн ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаво якбора паст шуда, раъду барқ мешавад  ва борони сел меборад, хабар доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ҳафт рӯзи боронӣ ё тоҷикистониён иди Рамазонро бо борон пешвоз хоҳанд гирифт

Бино бар иттилои ҳавошиносон, аз 1 то 3 июн дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад ва ҳарорати ҳаво то 20 дараҷа паст мешавад. Агар имрӯз ҳарорат дар Тоҷикистон то 38 дараҷа гармӣ расида бошад, пас 3 июн ҳаво дар кишвар то 18-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Бино бар пешбиниҳо, 1 июн дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои боронҳои кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар кишвар то 26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон боридани селу раъду барқ интизор меравад ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат ба 20 дараҷа мерасад.

Бино бар иттилои ҳавошиносон, борон дар кишвар рӯзи 3 июн низ идома ёфта, ҳаво ба 2-3 дараҷа, то 18-19 дараҷа паст мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки рӯзҳои охири Рамазон ҳаво дар Тоҷикистон салқин мешавад.