ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе дар пойтахт иди асал баргузор мекунанд.
Чорабинӣ 2 июн дар бозори "Меҳргон" доир мешавад.
Бино бар иттилои Вазорати кишоварзӣ дар иди асал 50 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ намудҳои гуногуни асалро ба фурӯш мебароранд.
"Аз ҷумла, занбӯрҳои асали зинда, гиёҳҳои шифобахш, шириниҳои аз асал омода гардида, асбобу лавозимоти парвариш ва ба даст овардани ҳосили асал, инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
интизор меравад, дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳо иштирок кунанд.
Ҳамчунин дар иди асал озмунбаргузор карда шуда, беҳтарин занбӯрпарварро муайян мекунанд.