Раиси фаъол: Аҳмадзода иди Фитрро эълон накарда, ба табрики сокинон рафт

Раиси вилояти Суғд пештар низ ба манзили сокинон рафта, аз ҳоли онҳо хабар мегирифт. Чунончи, ӯ дар иди ҷавонон ба аёдати ҷавони маъюб рафта буд. Ин бор Аҳмадзода барои табрики яке аз сокинони кишвар бо Иди Фитр рафтааст. Ин дар ҳолест, ки феълан рӯзи таҷлили ид дар Тоҷикистон эълон нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи иди саиди Фитр ба манзили истиқоматии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии вилоят Аҳмадҷон Қосимов ташриф оварда, ӯро аёдат намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Аҳмадзода бо Аҳмадҷон Қосимов сӯҳбати самимӣ анҷом дода, аз меҳнатҳои пурсамари собиқадор ёдовар шудааст.

"Дар навбати худ Механизатори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардошт", - менависад манбаъ.

Тақдими кӯмакпуливу маводи ғизоӣ: Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони маъюбу ятим рафт

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Аҳмадҷон Қосимов солҳои тӯлонӣ дар вазифаи мудири участкаи Унҷӣ фаъолият бурда, ҳамчун кишоварзи ботадбир барои фаровонии ҳосил ва серию пурии дастархони мардум ҳиссаи назаррас гузоштааст ва ҳамчун устоди пахта бо ордену мукофотҳои давлатӣ кадрдонӣ карда шудааст. 

Пештар низ дафтари матбуоти раиси вилоят дар арафаи иди аёюмҳо аз ташрифи Аҳмадзода ба манзили сокинон хабар дода буд. Чунончи, ӯ дар иди ҷавонон ба аёдати ҷавони маъюб рафта буд. 

Табрикоти Аҳмадзода бо иди Фитр жар ҳолест, ки  феълан рӯзи таҷлили ид дар Тоҷикистон эълон нашудааст.

Умдатан Шӯрои уламо рӯзи идро муайян мекунад.