Мақоми нави Миралиён Қиёмиддин вакили парлумон, дар сохтори ИДМ

Вакили парлумони Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ҳамоҳангсози Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии кишварҳои ҳамсуд интихоб гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.  Имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ шаҳри Қазон пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия, вакили парлумони Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ҳамоҳангсози Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ интихоб гардид.

Дар ин бора Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, бо интихоби Миралиён Қиёмиддин  роҳбарии ниҳоди мазкур аз Русия  ба Тоҷикистон гузашт.

Ҷавонтарин вакили парлумон роҳбари фраксияи ҲХДТ интихоб шуд

 Тибқи иттилои манбаъ, Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ яке аз воҳидҳои сохтории Ассамблеияи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ буда, аз ҳисоби вакилони ҷавони давлатҳои аъзои ИДМ ташкил ётфта, аз соли 2012 инҷониб масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавононро, аз ҷумла ҳифз ва рушди манфиатҳои қонунии онҳро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул менамояд.

Тавре Ҳамоҳангсози пешини Ассамблеияи ҷавонон вакили Шӯрои Федератсияи Русия Лебедева Т. Р. Таъкид намудааст, Миралиён Қиёмиддин аз соли 2015 инҷониб ҳайати намояндагони ҷавони Тоҷикистонро дар Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ роҳбарӣ намуда, ба таҳияи чанде қонунҳои моделӣ даст доштааст.

Ба гуфтаи вай, аз ҷумла ӯ муаллифи Тавсияҳо доир ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар кишварҳои аъзои ИДМ мебошад.

Манбаъ қайд намудааст, ки номзадии Миралиён Қиёмиддин барои ишғоли ин вазифаи байналмилалии ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷонишини котиби генералии Ассамблеияи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ Раҳимов И. Ҳ. муаррифӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.