Интизориҳо: дар намози ҷумъа рӯзи иди Рамазон эълон нашуд

Аксар намозгузорон интизор доштанд, ки имрӯз дар масҷидҳо рӯзи таҷлили Иди саиди Фитрро эълон мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.  Бо гузашти 26 рӯз аз моҳи мубораки Рамазон, то ҳол санаи Иди Рамазон ва ё Иди фитр, аз маъруфтарин иди мусалмонон дар Тоҷикистон эълон карда нашудааст.

Дар масҷидҳои Тоҷикистон дар рӯзи намози ҷумъа, 31-уми май санаи таҷлили Иди Рамазонро эълон накарданд.

Ин дар ҳолест, ки аксар намозгузорон интизор доштанд, ки имрӯз дар масҷидҳо рӯзи таҷлили Иди саиди Фитр (Рамазон) эълон мекунанд. Зимнан ин охирин рӯзи ҷумъа моҳи Рамазон дар соли 2019 мебошад. Рӯзҳои ид ва мавзӯъи фатвою амри маъруфро Маркази исломии Тоҷикистон таъин мекунад.

Гӯштфурӯшони ҳаромфурӯш дар Рамазон: 3 қассоб 27 гови мурдаро ба бозор интиқол медоданд

Аммо аз эълон нашудани рӯзи Иди Рамазон дар рӯзи намози ҷумъа, маълум мешавад, ки то ҳол санаи онро Маркази исломии Тоҷикистон таъин ва дастраси имомони масҷидҳо нагардонидааст.

Бино ба маълумотҳо қарор аст, фардор Маркази исломии Тоҷикистон дар як ҷаласа санаи баргузории Иди Рамазонро баррасӣ ва эълон кунад.

Ёдрас мешавем, Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози Рамазонро низ 1 май эълон карда буд.

Мусалмонони Тоҷикистон аз 6 май рӯза гирифтанд.

Пас аз Озода Раҳмон: раиси Хатлон аз савобияти кумак дар моҳи Рамазон гуфт

Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.