ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1445 то 0.1470 сомониро ташкил медиҳад.
БМТ афзудааст, ки дар дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА аз 9.4398 то 9.4400 сомонӣ муқаррар шуда, 1 евро аз 10.5320 то 10.7000 сомонӣ арзиш дорад.
Ҳамчунин, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 9.4398 сомонӣ, 1 евро – 10.5122 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1451 сомонӣ.
"БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад", - омадааст дар эъломи Бонки миллӣ.