ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе дастгир намуданд, иттилоъ додааст Раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, марди 43-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт ариза кардааст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи марти соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш воқеъ, дар бозори “Корвон-Сити” 20 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия ҳангоми ҷустуҷӯ аз ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе дастгир намуданд.
Тавре манбаъ зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур мавриди тафтишот қарор дорад.