Бим доштам, лекин қоил карданд: суҳбати омӯзгори рус баъди 1 соли кор дар Хуҷанд

Панҷ омӯзгор аз Русия, ки тайи соли хониши 2018-2019 дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Конибодом, Истаравшан ва Хуҷанд забону адабиёти русро дарс доданд, бо анҷоми соли хониш оҳанги бозгашт ба Ватан доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Омӯзгорон - Меркулова Галина Толановна, Хуснутдинова Луиза Александровна, Романовский Василий Владиславович, Ҳасанова Фарида Ҳасановна, Половинкина Екатерина Сергеевна бар асоси шартномаи давлатӣ аз Русия ба вилояти Суғд ҷалб гардида, бо дархости мудирони мактаб ва тавсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мактабҳо сафарбар шудаанд.

Екатерина Половинкина, сокини шаҳри Нижний Новгороди Русия, қариб як сол боз дар Хуҷанд зиндагӣ карда, дар мактаби № 18 дарс мегӯяд.  Машғулиятҳои ӯ дар мактаб то 14 июн дар назар буда, 20 июн аз шогидонаш имтиҳони навиштани “эссе”-ро мегирад.

Бим доштам, лекин қоил карданд: суҳбати омӯзгори рус баъди 1 соли кор дар Хуҷанд

Половинкина мегӯяд, дар даст барои рӯзи 28-уми июн чиптаи бозгашт ба Ватан – шаҳри Нижний Новгородро дорад,  аммо аз ҳоло ӯро дилтангӣ фаро гирифтааст, ки чӣ гуна ин шаҳри сабзу зебо ва шогирдону ҳамкасбони меҳрубонашро, ки монанди як оилаи бузург шудаанд, тарк карда метавонад.

Бим доштам, лекин меҳмоннавозии тоҷикон қоил кард

Екатерина Сергеевна изҳор дошт, ки ин нахустин сафараш ба Тоҷикистон буда, то ҳол аз шаҳру навоҳии Душанбе, Бӯстон, Б. Ғафуров, Гулистон ва Истаравшан  боздид кардааст.

“Вақте ба Тоҷикистон омаданӣ шудам, бим доштам, ки дар ин ҷо маро чигуна истиқбол мекунанду  чигуна ба муҳити ин ҷо одат мекунам? Аммо бевосита шоҳиди ин ҳол шудам, ки дар Тоҷикистон меҳмонро олӣ қабул мекунанд. Ман аз усули меҳмоннавозии тоҷикон, хеле хушнуд гаштам. Чизи дигаре, ки маро ба ҳайрат овард, муносибати бо эҳтироми тоҷикон ба нон аст. Воқеан, инҷо мардум бурдаи нонро эҳтиёт мекунанду  муқаддас медонанд”, - изҳори таассур кард Половинкина.

Мушоҳидаҳо аз дарс: талабаҳо дар синф зиёд

Ӯ афзуд, ки кору зиндагии яксола дар кишвари дигар барои омӯзгорони Русия роҳи шиносоӣ ба урфу анъанаҳои миллӣ ва таъриху зиндагии мардум ва ҳам даромади хуб мебошад.

Убайдуллоев хостори бунёди боз як мактаби русӣ дар Тоҷикистон шуд

Екатерина Сергеевна дар мактаби № 18-и Хуҷанд ба хонандаҳои синфҳои 8, 9, 11 дарс медиҳад ва майли толибилмони Тоҷикистонро ба донишандӯзӣ махсус таъкид кард. Ӯ гуфт, мароқи талабаҳо барои омӯхтан ва хониши буррою ҳусни хатти зебояшон ӯро дар ҳайрат гузошт.

Екатерина Сергеевна ҳамчунин ҳузури талабаҳои зиёдро дар синфҳо зикр кард.

“Дар мо шумори хонандагон дар синфҳо 25 - 30 нафар. Ин ҷо 35-40 нафар хонанда дар синф таҳсил мекунанд”, - изҳор дошт ӯ.

Тайи ин муддат модари Екатерина -  Татяна Николаевна ба Хуҷанд барои дидорбинии ӯ омада, дар ҷашни Наврӯз-2019 иштирок намудаасту аз барномаҳои ҳунарии ҷавонон мутаассир шудааст. Сергеевна инчунин аз самимияту садоқати ҳамкорони тоҷикаш тавсиф кард.

Санбӯса, сихкабоб ва бозорравӣ - "хобби"-ҳои Половинкина

Ба суол, ки вақти холӣ аз кори омӯзгориашро чигуна мегузаронад, Екатерина гуфт, ба саёҳату варзиш машғул шуда, инчунин ба бозор ва барои тановули  ягон ғизо меравад.

“Санбӯса ва сихкабобҳои хуҷандиро хуш дорам. Инҳоро ошпазҳо моҳирона омода мекунанд ва воқеан бомаззаанд. Инчунин ҷурғот бо сабзиҷотро бояд зикр кунам, ки фарқ мекунад ва лазиз аст”,-гуфт ӯ.

Екатерина Сергеевна дар охир изҳори умед кард, ки боз ба Хуҷанд баргардад. “Умедворам, ки имкон даст диҳад ва боз ба ин шаҳр баргардам”, - изҳор дошт ӯ.

Зуҳуров ба Жириновский: вақти он расидааст, ки санадҳои рӯикоғазмонда амалӣ шаванд

Дар ҳамин ҳол Раёсати маорифи вилояти Суғд, шумори омӯзгорони ҳудуди вилоятро ба 38 ҳазору 184 нафар рақам зада, мегӯяд ки аз ин омор  30 ҳазору 437 нафар омӯзгороне, ки дар мактабҳои олӣ таҳсил кардаанд, 2076 нафар омӯзгороне, ки таҳсилоташон олии нопурра ва 5 ҳазору 671 нафари дигар омӯзгороне, ки дар муассисаҳои миёнаи махсус таҳсил карда, фаъолият мебаранд.

Раёсати маорифи Суғд, шумори омӯзгорони дорои маълумоти олиро  ба 79, 9 % аз теъдоди  умумии омӯзгорон рақам зада мегуяд, ки солҳои охир сафи омӯзгорони ихтисосманди таҳсилоти олӣ меафзояд.

Соли хониши 2018-2019 дар вилоят 928 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 533 ҳазору 692 хонанда аз ҷумла, 260 ҳазору  675 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли 2017- 2018, 15 890 нафар зиёд будааст.