Лаҳзаи ҳассос: духтарчаи тоҷик ҳокими Дубайро барои наҷоташ оғӯш кашиду бӯсид - аксу видео

Маҳина Ғаниева, духтарчаи тоҷик, ки бо дастгирии Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, ҳокими Дубай ҷарроҳии гаронарзиши қалбро паси сар кард, наҷотдиҳандаашро ба оғӯш кашиду бӯсид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Маҳина Ғаниева соли 2012 таваллуд шуда, духтурон дар ӯ бемории қалбро ташхис кардаанд. Ӯ моҳи октябри соли 2017 дар доираи барномаи хайриявии Муҳаммад бин Рошид оли Мактум – “Mohammed Bin Rashid Al Maktoum Global Initiatives”, ё худ “MBRGI” ҷарроҳӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки ҷарроҳӣ барои наҷоти Маҳина 8 соат давом карда, бо муваффақият анҷом ёфтааст.

Маҳина ду сол баъд аз ҷарроҳӣ ба ҳисоботи солонаи бунёди “MBRGI” омадааст, то шахсан ба Муҳаммад бин Рошид оли Мактум изҳори миннатдорӣ кунад.

“Мехоҳам ба Шайх Муҳаммад ва бунёди ӯ барои кумак изҳори миннатдорӣ кунам. Феълан худрj хуб эҳсос мекунам ва хушбахтам”, - изҳор доштааст духтарчаи тоҷик.

Дар пайи ин Маҳина шайхро оғӯш гирифта бӯсид, ки дар шабакаҳо ҳамчун бисёр лаҳзаи ҳассос бозтоб ёфтааст.  

​ 

Қаблан Иброҳим Бумалҳа, мушовири ҳокими Дубай дар масоили фарҳангию гуманитарӣ гуфт, чунин иқдом дар доираи ташаббуси Шайх Муҳаммад бин Рошид оли Мактум барои кумак ба мардуми кишварҳои дӯст сурат гирифта истодааст. Ӯ дар мавриди иқдоми табибон дар Тоҷикистон гуфт, ин амал ба ҳаёти кӯдакон ва хонаводаҳояшон таъсири мусбат дошта, хароҷоти молияшонро барои табобат сабук мекунад.