Тоҷикистонро заминҷунбӣ такон дод

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Имрӯз соати 13:27ба вақти маҳаллӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод.

Дар ин бора Маркази зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки маркази заминҷунбӣ дар километри 16 ҷанубу шарқи Душанбе ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 3 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.

«Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст», — зикр намуд манбаъ.