Рейди шабона: БДА "лексусрон"-ҳову "тайотарон"-ҳои қонуншикани Душанберо муайян кард

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар якҷоягӣ бо дигар шуъбаву хадамотҳои оперативию тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт рейд баргузор карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе чанд рӯз рейд баргузор намуда, ронандаҳои қонуншиканро дастгир кардаанд.

Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 24 ва 25-уми майи соли ҷорӣ аз соати 22 то 24-и шабона дар ҳудуди роҳи автомобилгарди хиёбони марказии пойтахт амалиёти махсус роҳандозӣ кард.

Дар давоми ин амалиёт аз ҷониби гуруҳҳои созмондодашудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 152-адад қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ ошкору муайян гардид.

"Аз ҷумла 15 ронанда, ки асаран савори мошинҳои гаронарзиши  "Лексус", "Тайота", "БМВ" "Мерседес-Бенс буданд, бидуни иҷозатнома бо сиёҳшиша ва ду ронанда барои риоя накардани қоидаҳои насби таҷҳизоти садодиҳанда дастгир шуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ннисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.