Ҳафт рӯзи боронӣ ё тоҷикистониён иди Рамазонро бо борон пешвоз хоҳанд гирифт

Бино бар пешбиниҳои ҳавошиносон, дар Тоҷикистон аз 1 то 7 июн борон меборад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ахири моҳи шарифи Рамазон боронӣ мешавад. Дар ин бора Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ додааст.

Бино бар пешбиниҳои ҳавошиносон, дар кишвар аз 1 июн то 7 июн борон меборад. Моҳи шарифи Рамазон, бино бар тақвими Шӯрои уламо 4 июн ба анҷом мерасад.

Феълан рӯзи иди Рамазон эълон нашудааст. Аммо одатан фардои охирон рӯзи моҳи шариф, ид эълон мешавад.

Имрӯз, ҳарорати ҳаво дар кишвар то 34 дараҷаро ташкил додааст.