Путин дар ҳузури Раҳмон дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфт

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бори дигар манфиати Русияро дар густурдатар шудани ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо Тоҷикистон қайд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин густурдатар шудани ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ва Молдова муҳим арзёбӣ кард.

"Самти муҳими фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё густурдатар кардани муносибатҳо бо дигар кишварҳо, аз ҷумла ҳамсояҳои наздики мо мебошад. Бо истифода аз ҳузури сарони кишварҳои нозир, парезиденти Молдова ва меҳмони фахрӣ - президенти Тоҷикистон дар маҷлис, мехоҳам бори дигар қайд кунам, ки мо ба густурдатар шудани ҳамкориҳои кишварҳои онҳо бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манфиатдорем", - гуфт раисҷумҳури Русия дар рафти баромадаш дар иҷлосияи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиёи иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё.

Путин таъкид кард, ки иттиҳод пеши роҳи ҳамкориҳои кишварҳо бо ҷонибҳои севум намешавад ва онҳо метавонанд бемамоният ба бозори хориҷ бароянд.

Вай афзуд, ки савдои дохила иштирокдорони иттиҳод то 9,2 дар сад, ба 60 миллиард доллар афзуд.