Моделе, ки синаашро урён карда буд, ҳиҷоб пӯшид - Акс

Модели номии моҷароҷӯи қазоқ Динагул Тасова, ки пас аз аксҳои нимурёнаш дар Инстаграм боиси мазаммати бархе аз корбарони интернет шуд, аксҳояшро бо либоси мазҳабӣ мунташир кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Модели номии қазоқ Динагул Тасова бори дигар корбарони интернетро бо либоспӯшиаш ба ҳайрат овард.

Ӯ бештар пироҳанҳои нимурён ба бар мекард ва  зери аксҳои ӯ дар Инстаграм шарҳҳои таҳқиромезу танқид навишта мешуданд.

Чанде пеш ӯ аксеро гузошт, ки корбаронро шигифзада кард.

Дар акс Динагул ҳиҷоб пӯшидааст. Тавре маълум гаштааст, вай ин либосро дар намоиши мӯд пӯшидааст.

Ҳиҷобпӯшии моделеро, ки чанде пеш аксҳои нимурёнаш яке паси ҳамдигар мунташир мешуданд, корбарон тавсиф кардаанд.

Динагул пас мунташир кардани ду акс, ки дар он либоси хело ҳарир ба бар карда буду синааш урён буд, хабар дод, ки мавриди зӯроварӣ қарор гирифтааст. Ҷавони дӯстдоштааш ӯро латтукӯб кардаасту чанде аз афроди номаълум таҳқираш намудаанд.

Барои аксҳои урён саҳифаи Динагулро дар Инстаграм баста буданд.