Модари Қоҳир Расулзодаро дар оромгоҳи Хистеварз ба хок супурданд

Модари нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар 88-солагӣ даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мая - Sputnik. Модари нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Муҳаббат Охуноваро 28 май дар оромгоҳи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хок супориданд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Муҳаббат Охунова, модари нахуствазир субҳи 28 май дар 88-солагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вафот кард.

"Муҳаббат Охунова тамоми умр дар мактаби Хистеварз омӯзгорӣ карда, яке аз шахсиятҳои обрӯманди ҷамоати Хистеварзу ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғд буд", - менависад манбаъ.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон 8 марти соли 1961 дар ҷамоти Қистакӯз (Хистеварзи ҳозира) таваллуд шуда, аз 23 ноябри соли 2013 мақоми сарвазири Тоҷикистонро ба дӯш дорад.

Пештар бархе аз расонаҳои Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки Расулзода бо сабаби беморӣ истеъфо медиҳад, аммо ин хабарҳо то ҳол тасдиқ нашуданд.