ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати маҳбусони зиндони Ваҳдат, ки дар ошӯби шаби 19 май иштирок доштанд, 15 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора ба РИА Новости муовини аввали Вазорати адлия, роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазо генерал Мансурҷон Умаров хабар додааст.
"Нисбати зиндониёне, ки дар ошӯби шоми 19 май иштирок доштанд, 15 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, нисбати кормандони зиндон, ки шӯришро саркӯб накарданд, тафтишот меравад", - афзудааст Умаров.
Рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.
Тибқи иттилоияи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, "ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи “Давлати исломӣ” буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд".
Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд.
Ин ҳодисаи дувуми ошӯби зиндониён дар шаш моҳи ахир дар Тоҷикистон мебошад. Моҳи ноябри гузашта низ дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд маҳбусон шӯриш бардоштанд, ки тибқи иттилои расмӣ дар пайи он 21 тан кушта шуданд.