Доналд Туск бо Раҳмон мулоқоти хоса мекунад ва ба Сарез меравад

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо, ки бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад, 30 май аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боздид мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар доираи сафари расмии Доналд Туск ба Тоҷикистон 30 май боздидаш аз ноҳияи Дарвоз ва кӯли Сарез дар назар аст.

Роҳбари навтаъйини САҲА дар Душанбе ба кор оғоз кард

Дар мавриди барномаи сафари Туск ба Тоҷикистон хабаргузории “Ховар” хабар додааст, ки 30 май маросими расмии истиқболи раиси Шӯрои Аврупо дар Қасри миллат баргузор гардад.

“Сараввал  мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск доир  мегардад. Сипас мулоқоти   васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Итиҳоди Аврупо доир мешавад”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Дар анҷоми  мулоқот   изҳороти матбуотии муштарак ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар аст.

Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки раиси Шӯрои Аврупо бо арзи эҳтиром ба арзишҳои волои миллати  тоҷик дар майдони “Дӯстӣ”-и  шаҳри Душанбе  дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.