Эмомалӣ Раҳмон: 148 низомии тоҷик қурбон шуданд

Дар 25 соли ахир 148 низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбони ҳифзи марзу бум карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28 май ҳангоми суханронӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар назди кормандони соҳа аз низомиёне ёдрас шуд, ки ҷони худро ҳангоми ҳифзи марзу буми Тоҷикистон қурбон кардаанд.

Раисҷумҳур ва Рустам Эмомалӣ гимназияи ҳарбии КДАМ-ро ифтитоҳ карданд

Кишвардор ҳангоми суханронӣ гуфт, ки сарҳадбонони тоҷик дар тайи 25 соли фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз воридоти ҳазорҳо тонна маводи мухаддир пешгирӣ кадаанд ва даҳҳо қочоқчиёнро безарар гардонидаанд.

"Сарҳадбонони ҷасури мо якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 25 тонна воситаҳои нашъадор, қариб 1200 мил силоҳ ва 6300 муҳиммоти ҷангиро мусодира намуда, 638 нафар қочоқчиёнро безарар ва 456 нафар шахсони сарҳадшиканро дастгир кардаанд", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ёдовар шуд, ки "дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард".

Раисҷумҳур дар анҷом масъулинро ба хизмати софдилона даъват кард.