Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии “Санъати китоб” дар Боку иштирок хоҳад кард

30 майи соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон XVI озмуни байналмиллаии “Санъати китоб” байни кишварҳои ИДМ баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мая - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар озмуни мазкур намояндагони соҳаи табъу нашр аз кишварҳои узви ИДМ иштирок хоҳанд кард.

Оғози “Ҳафтаи китоб” таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” дар Тоҷикистон

Манбаъ қайд намудааст, ки 30 май дар Китобхонаи миллии Озарбойҷон ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмун доир мегардад. Дар ҷаласаи мазкур директори “Хонаи китоби Тоҷикистон” Қурбон Бӯриев, ки аъзои доварони озмуни мазкур аст, иштирок хоҳад кард.

Ба озмуни мазкур аз Тоҷикистон як қатор адабиёти тозанашр пешниҳод мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, ҷилди аввали Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни XV байналмилалии “Санъати китоб” гардида буд.

Инчунин бояд қайд намуд, ки ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб соли 2019 дар қаламрави ИДМ ҳамчун  Соли китоб  эълон гардидааст.