Мулоқот бо Раҳмону навсозии пойгоҳи 201: Шойгу вориди Тоҷикистон шуд

Интизор меравад, вазири мудофиаи Русия бо ҳайъатҳои баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла бо Шералӣ Мирзо ва раисҷумҳур мулоқот кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik.  Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба Душанбе вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, Шойгу имрӯз бо роҳбарияти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои навсозии неруҳои ҷумҳурӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-и Россия гуфтушунидҳо мегузаронад.   

Интизор меравад, ки ин масъалаҳо зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу баррасӣ гарданд.

"Дар назар аст, ки Вазири мудофиаи Русияро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул намояд. Дар ҷараёни мулоқот "масъалаҳои навсозии артиши Тоҷикистон ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақар аст, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт", - менависад манбаъ.

Мавзуъҳои асосии мулоқотҳо-масоили бо аслиҳаи нав муҷаҳҳаз гардонидани пойгоҳи низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақар аст,  инчунин навсозии артиши Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-пойгоҳи бузургтарини Россия дар хориҷ аз кишвар аст. Он дар ду шаҳри Тоҷикистон-Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад. Тибқи Созишномаи соли 2012 ба имзорасида ин пойгоҳ то соли 2042 дар Тоҷикистон хоҳад монд.