ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Бино бар гузориши Sputnik Афғонистон, чанде афғонҳои мазҳаби исмоилии муқими Кобул дар як нишасти хабарӣ хостори бозшумории овозҳои намояндаашон Салима Некин дар интихоботи парлумонӣ шуданд.
Ин фаъолон гуфтаанд, дар сурате, ки ба гуфтаҳояшон расидагӣ нашавад, даст ба муҳоҷирати гурӯҳӣ хоҳанд зад.
Салима Некбин ягона номзад аз исмоилиҳо буд, ки дар натоиҷи ибтидоии интихоботи парлумонии ҳавзаи интихоботии Кобул баранда шинохта шуд, аммо дар натоиҷи ниҳоӣ исми ӯ ҳазф ва Парвин Дарониба ҷои ӯ пирӯз эълон шуд.
Дар қатъномаи фаъолони аққалияти мазҳаби исмоилияи Кобул, аз комиссиюнҳои интихоботӣ хоста шудааст, то бо бозшумории овозҳои хонум Некбин адолатро таъмин кунанд.
Ҳамчунин аз раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ хоста шуда, дар сурати таваҷҷӯҳ накрадани комиссюнҳои интихоботӣ дар ин маврид, дастури эҷоди додгоҳи хоси интихоботӣ барои таҳқиқи адолати интихоботиро содир кунанд.
Дар анҷом гуфтаанд, ки агар ба хостаҳояшон таваҷҷӯҳ накунанд, ба ниҳодҳои марбути Созмони милал муроҷиат мекунанд.