Қонуни даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сангинтар мешавад: дар Русия

Мақомоти қудратии Русия ҳадаф дорад ба тарзи баргузории муоинаи тиббӣ зимни даъват ба хизмат тағйирот ворид кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бо ибтикори Вазорати дифоъи Русия қонун "Дар бораи хизати ҳарбӣ" ислоҳ мешавад. Дар ин бора "Известия" бо такя ба Олег Жердев-бунёдгузори созмони ҳуқуқдонони мақомоти қудратӣ хабар медиҳад.

Дар Русия мехоҳанд ҳуқуқи комиссияҳои даъватро васеътар кунанд-пизишкон метавонанд, солимии даъватшавандаро аз сар санҷанд.

Бо ин роҳ Вазорати дифоъ мехоҳад бо пизишконе, ки бар ивази мукофотпулӣ ба даъватшавандагон справкаҳои қалбакӣ медиҳанд, мубориза баранд.

"Муоинаи тиббӣ-ин омӯзиши рӯякии сатҳи солимии инсон аст, шоҳидӣ бошад, навъи муоинаи тиббӣ бо натиҷаи дараҷаи солимии даъватшаванда барои хизмати ҳарбӣ",-гуфт Жердев.

Путин: даъват ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ куҳна мешавад

Дар баробари ин пеш аз озод кардани даъватшаванда аз хизмати ҳарбӣ ӯро бояд дар беморхонаҳои вижа табобат кунанд ва аз сар ба хизмат даъват намоянд.

Саркашӣ аз хизмат?

Маъмултарин бемориҳое, ки даъватшавандаро аз хизмати ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ озод мекунанд, диабети қанд, бемориҳои пӯст, кундбинӣ ва  гипертония мебошанд.

Мувофиқи фармони президенти Русия Владимир Путин дар давоми даъвати баҳорӣ бояд 135 ҳзаор ҷавон ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд. Маъракаи даъват дар 83 минтақаи Федератсияи Русия ғайр аз минтақаҳои мухтори Ямало-Ненетский ва Ком баргузор мешавад.

Дар даъвати баҳории соли 2018 ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия 128 ҳазор ҷавон пайвастанд. Тирамоҳи порсол бошад, 132,5 ҳазор ҷавон ба хизмат ҷалб шуданд.