ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik.Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Молдова Эмомалӣ Раҳмон ва Игор Додон, 29 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Нурсултон баргузор мегардад иштирок мекунанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Президенти Қазоқистон.
Дар ин чорабинӣ роҳбарони Белорус, Қирзғизистон ва Русия иштирок хоҳанд кард.
“Ғайр аз ин иштироки раисҷумҳури Молдова Игор Додон ба сифати кишвари назораткунандаи назди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меҳмони олиқадр дар назар аст” – омадааст дар иттилоия.
Роҳбарони кишварҳо масоили мубрам ва дурнамои рушди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла амалигардонии даъватҳои рақамӣ ва самтҳои калидии фаъолияти байналмилалии Иттиҳодро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин масоили асосии муайянкунии сиёсати макроиқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои солҳои 2019-2020 зери гуфтушунид қарор мегиранд.
Дар охири ҷаласа қабули аризаи якҷояи роҳбарони кишварҳои аъзои Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё бо шарофати 5-умин солагарди шартнома дар бораи Иттиҳод ва инчунин ба имзорасонии як қатор санадҳои дигар дар назар аст.