Пас аз дастури Раҳмон: Аҳмадзода Суғдро барои таҷлили 5500-солагии Саразм омода мекунад

Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм тасдиқ гардида, шуъбаҳои раёсати шаҳри Панҷакент ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо вазифадор гардидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Рӯзи12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад.

Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразм тасдиқ гардида, шуъбаҳо, сарраёсату раёсатҳо, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо вазифадор гардидаанд.

Раисиҷумҳур рӯз ва ҷои ҷашни 5500-солагии Саразмро муайян кард

Ба ниҳодҳои марбута ҳамчунин дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба таҷлили 5500 солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент дастур дод.

Раисиҷумҳур Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистонро раиси Кумитаи ташкили ҷашни 5500-солагии Саразм таъин карда, ба ҳайати кумитаи ташкилӣ вазирону раисони Кумитаҳоро шомил намуд.

Вазорати фарҳанг, Академияи улум, Ҳукумати маҳаллии Суғд ва мақомоти дигарро барои амалисозии саривақтии чорабиниҳое, ки барои таҷлили 5500-солагии Саразм пешбинӣ шудаанд, муваззаф намуд.

Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид.  Он дар 15- километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45- километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Пас аз дастури Раҳмон: Аҳмадзода Суғдро барои таҷлили 5500-солагии Саразм омода мекунад