Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 2,1 дарсад зиёд шуд

Тибқи пешгӯиҳо аҳолии Тоҷикистон то соли 2023 ба 10 миллион нафар хоҳад расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии омори назди ҳукумати Тоҷикистон аҳолии ҷумҳурӣ дар як соли ахир ба  2,1 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тибқи омори Ожонсӣ, дар ҳоли ҳозир аҳолии Тоҷикистон ба 9,2 миллион нафар расидааст.

Ҷаласаи Расулзода: дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор мешавад

“Зиёдшавии аҳолӣ бештар дар вилояти Хатлон (2,4 дарсад) ва ноҳияҳои тобеи марказ (2,3 дарсад) ба қайд гирифта шудааст”, - таъкид шудааст дар маълумоти пешниҳодшудаи Ожонсии омори назди ҳукумати Тоҷикистон.

Тибқи омор бештари аҳолии кишвар дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекардааст. Дар ин минтақа наздик ба 3,3 миллион нафар кору зиндагӣ мекунанд. Аммо аз ҳама аҳолии камтар дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи омор дар ин минтақа тақрибан 227 ҳазор нафар ба сар мебарад.

Дар соли 1990 аҳолии  Тоҷикистон беш аз 5,4 миллион нафарро ташкил медод. Тибқи пешгӯиҳо то соли 2023 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Тибқи омори Оджонсии омор, синни миёнаи зиндагӣ дар Тоҷикистон 75-солро ташкил медодааст. Кулонтари сокини ҷумҳурӣ 110-сола будааст.