Нахустин намоиши филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи синамои Канн

“Шитоб”, филми кӯтоҳи коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Сулаймонӣ дар 72-юмин ҷашнвораи ҷаҳонии синамо дар Канни Фаронса намоиш дода шуд, ки бори нахуст дар таърихи кинои Тоҷикистон мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Муҳиддин Сулаймонӣ мегӯяд, филми 13-дақиқагии “Шитоб” соли 2018 аз ҷониби ТВ “Синамо”, ки худи ӯ сармуҳаррири ин шабака мебошад, дар шаҳри Душанбе давоми 20 рӯз наворбардорӣ ва таҳия карда шудааст.

Павел Лунгин дар Тоҷикистон филме дар бораи ҷанги Афғонистон хоҳад сохт

“Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони тоҷик Нозим Меликов, Ҷума Рустамӣ, Мавлона Наҷмиддинова ва Манижа Холова бозидаанд. Филмбардор — Абдукарим Уроқов, танзимгар  — Комил Суғдиён ва оператори овоз Шаҳринисо Яковлева”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Сулаймонӣ.

Ба иттилои манбаъ, Нозим нақши падар, роҳбари ширкати тиҷоратиро иҷро мекунад, нақши яккаписари ӯро  Ҷума Рустамӣ,   нақши завҷаашро  Мавлона Наҷмиддинова ва нақши   духтарашро Манижа Холова бозидаанд.

“Ҷавоне, ки ҳунарманд Ҷума Рустамӣ нақши ӯро мебозад, нимшаб сари чанбараки мошин бо телефон суҳбат дорад. Ҳамин вақт садои бархӯрде ӯро ба худ меорад ва мошинашро нигоҳ медорад. Чун пиёда мешавад, бонуеро фитода дар роҳ мебинад. Ҳаросон ба падар - актёр Нозим Меликов,  занг мезанад. Онҳо ин ҳолатро чӣ гуна паси сар месозанд? Ҷавҳари филм ҳамин аст. Ин як ҳушдорест, ки бояд инсон дар ҳама ҳолат ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳад, эҳтиёт кунад,  ба шитобу  аҷала роҳ надиҳад, мулоҳизакор бошад”, - қисса кард коргардон.

Ҷашнвораи байналмилалии синамо дар Канн аз 14 то 25 май  баргузор шуд. Дар ин фестивал, ки бегоҳии рӯзи сешанбе ифтитоҳ гардид,  коргардонҳо, сенариянависон ва ҳунарпешагони маъруф аз 39 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон иштирок намуданд.