Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

Президенти Украина талаб кард, ки ҷониби Русия омодагии воқеъияшро барои оштӣ бо Украина нишон диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Иҷрои фармони СММ оид ба озод кардани баҳрнавардон ва киштиҳои Украина аз ҷониби Русия, метавонад музокироти миёни Киев ва Маскавро аз сар гирад. Дар ин бора, президенти Украина Владимир Зеленский гуфт.

Ба гуфти раҳбари украинӣ, шарти гузоштаи ӯ метавонад, нишони нахустини омодагии воқеъии Русия барои итмом додани таниши миёни Русия ва Украина гардад.

"Русия метавонад, барои аз сар гирифтани муносибатҳо ва ҳалли мушкилоти созмондодаи худ ба таври мутамаддин, қадаме гузорад. Мебинем, дар Кремл чӣ гуна роҳро интихоб мекунанд",-навиштааст президенти Украина дар саҳифааш дар Facebook.

Рамазон Қодиров баъди қасамёдкунии Зеленский аз ӯ сахт ранҷидааст

Владимир Зеленский гуфт, ки баҳрнавардони боздошташударо дар хонаашон интизоранд.

Ёдовар мешавем, ки маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Украина Валдимир Зеленский 20 майи соли равон дар шаҳри Киев дар бинои Рада-парлумони ин кишвар сурат гирифта буд.

Владимир Зеленский пас аз маросими савгандёдкунӣ эълон намуд, ки парлумони кишвар мураххас карда мешавад.

Ҳамчунин пешниҳод кард, ки дахлнопазирии вакилони “Радаи болои” инкор карда шавад ва қонун дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба даст овардани моликияти ғайриқонунӣ  қабул карда шавад.