ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сокини шаҳри Воронеж дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ мутаҳҳам мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия.
Ин мард барои муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода мекардааст.
"Муайян шудааст, ки ин мард барои муҳоҷирон ҳуҷҷатҳоро барои зист ва кор дар ҳудуди Федератсияи Русия омода мекардааст. Қисме аз ин ҳуҷҷатҳо қалбакӣ буда, қисме маълумоти бардурӯғ дорад",-изҳор дошт сухангӯи ВКД Русия Ирина Волк.
Қайд мешавад, ки сокии Воронеж наздики 50 муҳоҷирро "қонунӣ" кардааст.
Зимни кофтуков аз ин мард шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ёфт шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷино боз шудаасту гунаҳкорро панҷ соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
То 7 сол маҳбас: Русия барои "кумак" ба муҳоҷирон зиндон мекунад
Пештар хабар дода шуд, ки дар Русия ҷазо барои кумак ба буду боши ғайриқонунии муҳоҷирон бо истифода аз мақоми хизматӣ, сангинтар мешавад.
Дар ин қонун барои нафароне, ки барои ворид шудани ғайриқонунии муҳоҷирон ё буду боши онҳо дар ҳудуди Русия миёнаравӣ мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Додгоҳ ҳуқуқ дорад, айбдоршавандаро то 200 ҳазор рубл ҷарима баста ба корҳои иҷборӣ равон кунад ё то се сол ба маҳбас фиристад.