Даҳшат: зани 42-солаеро дар Мастчоҳ бародари ҳамсараш бо 20 зарби корд кушт

Сабаби ба ин амали даҳшатбор даст задани мард ҷанҷолу мунозира байни онҳо гуфта мешавад. Гумонбар дастгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Як зан дар ноҳияи Мастчоҳ ба тарзи фоҷеаборе ба қатл расидааст.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса дирӯз дар минтақаи Пулдораки ноҳияи Мастчоҳ, дар шимоли Тоҷикистон рух додааст.

Омили қатли ин зани 42 сола бародаршавҳари 43 солааш эълом шудааст. Тибқи ин гузориш, фоҷеа замоне рух дода, ки қотил ба думболи ҷанҷол бо зани бародараш 20 зарбаи корд ба бадани ӯ ворид кардааст. Дар натиҷа зан дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.

Марди қотил боздошт ва бар алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Янга пас аз ҳамлаи бародари шавҳар бо корд ба қафаси сина дар беморхона ҷон дод

Хушунатҳои хонаводагӣ яке аз мушкилоти доғ дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон аст. Пештар дар ноҳияи Ёван марди 56-сола собиҳамсарашро корд зада буд.

Зан баъди ҳодиса ба милиса арз доштааст, ки 30-юми апрели соли 2019, тахминан соати 11:00, собиқ шавҳараш, марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо корд ба ӯ ҳамла карда, 2-3 зарба задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ҷабрдида далели кордкашии собиқ ҳамсарашро хусумати шахсӣ гуфтааст. ВУД мегӯяд, феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.