Бунёди Оқохон барои кормандони КҲФ ВМКБ давраи омӯзишӣ баргузор кард

Мутахассисони Бунёди Оқохон оид ба зист, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузарониданд. 
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, 19 нафар кормандони шуъбаҳо, бахшҳо ва гурӯҳҳои ин ниҳод дар ВМКБ  аз курси вижа гузаштанд.

Дар ин дарсҳо кормандони КҲФ ба ҷамъоварии маълумот ва тартиб додани харитаи минтақаҳои хавфнок машғул шуданд.

"Дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз ҷониби мутахассисони Бунёди Оқохон оид ба зист дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ гузаронида шуданд",-омадааст дар хабарнома. 

Бунёди Оқохон ва Бонки ҷаҳонӣ мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро обод мекунанд

Дарсҳои амалӣ дар қаламрави деҳаи Сумжеви ноҳияи Роштқалъа баргузор шуданд. Ширкаткунандагони тамрин маҳалро омӯхтанд ва тарҳи харитаи сохтаи худро оид ба маконҳои ҳассос ба ҳолатҳои фавқулодаро тартиб доданд. 

Омӯзишҳо бо ҳадафҳои омодагии кормандон ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва рӯйдодҳои нохуш роҳандозӣ мешаванд. Ин гуна давраҳои омӯзишӣ дар оянда низ гузаронида хоҳанд шуд.