Боиси нигаронист: Раҳмон 15 шаҳру навоҳии Хатлонро ном бурд, ки лоиҳаҳоро татбиқ накарданд

Татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳамагӣ 30 дар садро ташкил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24 май бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, кишвардор дар суханронӣ пеш аз ҳама масоили иқтисодиро ёдрас шудааст.

Раисҷумҳур яке аз калонтарин вилоятҳо будани Хатлонро таъкид намуда, гуфтааст, ки "он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нақши калидӣ мебозад", аммо то имрӯз ба таври пурра аз иқтидори худ истифода накардааст.

Даҳ боздиду мулоқот дар як рӯз: 18 акси ҷолиб аз сафари Раҳмон ба зодгоҳаш

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон аз Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ёдрас гардидаст, ки дар доираи он амалӣ намудани 279 лоиҳа ба нақша гирифта шудаву дар 172 лоиҳаи он иҷрои корҳо таъмин нагардидаанд.

Кишвардор аз 15 шаҳру навоҳии ин вилоят ном бурдааст, ки лоиҳаҳои мазкур дар онҳо ҳамагӣ 30 дар сад амалӣ шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "ин боиси нигаронист".

"Татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ, Левакант, Балҷувон, Кушониён, Вахш, Восеъ, Қубодиён, Темурмалик, Ҷайҳун, Хуросон, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, иҷрои онҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо то 30 фоизро ташкил медиҳад, ки ин боиси нигаронӣ мебошад", - менависад аз суханронии раисҷумҳур дафтари матбуотӣ.

Президент вобаста ба ин роҳбарони Кумитаи рушди маҳал, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро ӯҳдадор кардааст, ки барои иҷрои барномаи рушди иқтисод чораҷӯӣ карда, аз он то охири соли 2019 ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳособоти муфассал пешниҳод кунанд.

Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта, 23 май раисҷумҳур ба вилояти Хатлон сафар карда буд. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара оғоз шуд.