Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба дасти сафир ба Сурия нома фиристод

Зубайдзода Зубайдулло номаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба унвони вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид ал-Муаллим ҷиҳати тақвият ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба супорид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Рӯзҳои 21-23 майи соли 2019 сафари кории сафири  Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло ба шаҳри Димишқ сурат гирифт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар  22 майи соли 2019 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии он кишвар мулоқоти сафир бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод баргузор гардид.

Раҳмон: мо ба "доиши"-ҳои бозгаштаамон ҳаёти осоишта фароҳам мекунем

Сафир номаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба унвони вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид ал-Муаллим ҷиҳати тақвият ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба супорид.

"Дар мулоқот густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим, махсусан дар арсаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин масъалаи муайян намудани шахсияту шумораи  шаҳрвандони Тоҷикистон ва баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни вазъияти ҷаҳону Ховари Миёна табодули афкори судманд сурат гирифт",-омадааст дар хабарнома.

То 19 бор ба шавҳар медиҳанд: нақли зани ҷангии ДОИШ аз 6 соли зиндагӣ дар Сурия

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо  зарурати табодули сафарҳои расмӣ дар сатҳҳои мухталиф ва баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро  давоми соли 2019 таъкид карданд.