ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар доираи сафари Шойгу сафараш бо ҳамтои тоҷикистонияш Шералӣ Мирзо ва роҳбарони баландпояи Тоҷикистон дар назар аст.
Расонаҳои Русия аз қавли мақомоти Тоҷикистон хабар додаанд, ки сафари Шойгу ба Душанбе рӯзи 28 май ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Шойгу охири май ба Тоҷикистон меравад.
Қарор аст, Сергей Шойгу зимни сафари кориаш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дидору гуфтугӯ кунад.
Зимни дидору гуфтугӯҳо бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи низомии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.
Сергей Шойгу зимни сафари кориаш ба Душанбе ҳамчунин аз пойгоҳи низомии 201-уми кишвар дар Тоҷикистон дидан хоҳад кард.