ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ҳошим Гадо аз машҳуртарин ҳунармандони тоҷик, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, актёри театру кино, ки бо лақаби Сӯҳроби саҳнаи тоҷик шинохта шудааст, дар мусоҳибае бо канали IRON KING гуфтааст, ки "ҷонаш ба лаб омадааст".
Ӯ афзудааст, ки дигар бо рӯзноманигорон мусоҳиба намекунад ва ба касе намегӯяд, ки чӣ нақша дорад.
Зоҳиран ҳунарманд аз ҳамон шикоятҳояш мегӯяд, ки пештар низ расонаӣ шуда буданд: нафақаи ба гуфти худаш, ночиз, мушкилӣ дар шароити зист ва шиква аз муносибати дигарон, ҳатто шогирдонаш бо ӯ. Ҳунарманд мегӯяд, ки аз гуфтан монда шуду ҷонаш ба лаб омад:
"Охирон суханони ман аст"
- Ман бори аввал ва охир барои хайрбод бо башарият сухан мекунам. Ин суханони охири ман аст. Дигар бо хабарнигорон мусоҳиба намекунам ва намегӯям, ки дар оянда чӣ нақша дорам.
Ҳошим Гадо танҳо шикоят намекунад
Дар ҳаёт маро чанд кас дастгирӣ кардааст, ки яке аз онҳо рӯзноманигор Акбари Саттор мебошад.
Тамоми ҳаёти ман дар китобҳоям навишта шудаанд.
Синфи як пойи луч ба мактаб рафта будам. Муаллим ба ҷое бипурсад, ки чаро ҳоли ман чунин аст, маро як шатта зад. Вақте дар донишгоҳи Маскав таҳсил мекардам, 5 сол аз боқимондаҳо дар ресторанҳо хӯрда, хондаам. Як зимистон бо пойафзоли тунук дар рӯйи барф ба дарс рафтаам...
Чанд сол аст, ки шикояти ман аз нафақаи ночиз дар рӯйи роҳбарон меистад.
Боре аз Шодӣ Шабдолов, роҳбари Ҳизби коммунистон хоҳиш кардам, ки доди маро ба парлумон расонад. Аз вазири фарҳанг низ дар ҳамин масъала бо эътироз пурсидам, ки Тоҷикистон дар соҳаи театру кино чанд ҳунарманди мардумӣ дорад ва худам посух додам, ки якто!
Сӣ сол аст, ки муроҷиат мекунам, ки ба хонаи ман оби гарм ва гармӣ расонида шавад, то ҳол сарамро бо оби хунук мешӯям.
"Маро ҳатто шигирдонам гӯш намекунанд"
Дари ректорҳои донишгоҳҳо меравам, аксарияташон маро қабул намекунад. Номашонро намегӯям, ки аз кор холӣ мешаванд. Аммо ба шумо як нафарашонро мегӯям - ректори Донишгоҳи тиббӣ: дар назди ёвараш якуним соат интизор шудам, ки маро ба назди ректор дароранд. Дар охир гуфтам, ки "рав гӯ, ки ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ мехоҳад наздатон дарояд". Посухи ӯро чунин расонид: "ман шаҳрвандонро қабул мекунам!" (на ҳунармандонро)
Агар намурам, агар маро боз ба театр баргардонанд...
Дар Донишкадаи санъат дарсам намедиҳанд, ба театр меравам талабаи худам ролам намедиҳад, ҷонам ба лабам омадааст.
Ду духтар дорам, яке дар таваллудхона кор мекунад ва яке ҳоло дар гумрук кор мекунад, ҳар кадоме аз пайи зиндагиаш аст...
Ман филмҳои худро тамошо намекунам. Яке аз нақшҳои писандидаи худам дар филми "Битва трех королей" (5 серия) аст, ки дар он се маротиба қариб ҳалок шуда будам..
Ҳоло ман саҳнаҳоро тамошо карда наметавонам, кино тамошо карда наметавонам, зеро он ба талаботи ман ҷавобгӯ нест!
Дар дунё касе наметавонад бигӯяд, ки ман пурра хушбахтам. Ҳамаи моро дар ҳаёт ҷаннат ё дӯзах интизор аст - ҳамсари хуб, шароити хуби зиндагӣ - ҷаннат аст, аммо зиндагие, ки дар он танҳо барои боло бурдани нафақаи ночизат медавӣ, дӯзах аст....