Имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 бори нахуст бо пайравонаш дар Тоҷикистон - Бадахшон 25 майи соли 1995 дидор кард.
Исмоилиёни кишвар аз ҳамин сол имрӯзро чун ҷашни Рӯзи дидор ё Нур таҷлил мекунанд.
Аввалин дидори имом дар чор минтақаи Бадахшон - Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб сурат гирифт. Пайравони зиёди Оқохони 4 ӯро ботантана пешвоз гирифтанд ва қариб тамоми мардуми минтақа дар мулоқоташ иштирок дошатанд.
Як корбари Фейсбук навори яке аз дидорҳои Оқохонро дар Помир мунташир кардааст.
Инҷо сафари Оқохони 4 ба Помир аз Хоруғ оғоз шуд, аммо имом дар се ноҳия - Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъа бо пайравонаш мулоқот кардааст.
Дар Хоруғ меҳмонони олиқадрро пуршукӯҳ таҷлил гирифтанд. Мардум бо нону намак ба пешвози онҳо баромаданд, дар кӯчаҳо сокинон саф баста, мошини имомро гусел мекарданд.
"Ман аз хизмати ифтихорӣ, ки мардону занони бисёре аз ҳукумат ва мардум ҷиҳати мумкин сохтани сафари ман ба Ванҷ анҷом доданд, огоҳ ҳастам ва аз онҳо барои кӯшиши самимонаашон ташаккур баён мекунам. Мардуми Ванҷ бо чунин самимияте аз ман истиқлбол карданд, ки ҳамеша дар хотир хоҳам дошт", - изҳор дошт Оқохони 4 зимни дидор дар ноҳияи Ванҷ.
Ҳамин тавр, сафари имом бо ду мулоқоти дигар дар Дарвоз ва Роштқалъа анҷом ёфт.
Имоми исмоилиён дар умум се маротиба бо муридонаш дар Тоҷикистон дар солҳои 1995, 1998 ва 2008 дидор кардааст.
Баъди соли 2008 борҳо овозаи сафар ё дидори навбатии имоми замон ба Бадахшон паҳн мешуд, аммо ҳар бор Шӯрои Миллӣ, созмони ҷамоатии исмоилиёни Тоҷикистон ин овозаҳоро такзиб мекард.
Чунин овозаҳо пеш аз ифтитоҳи филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ва моҳи августи соли гузашта паҳн гардид. Аммо созмони ҷамоатии исмоилиёни Тоҷикистон онро такзиб кард.
Шоҳзода Карим Оқохон, чиҳилунӯҳумин имоми шиаёни исмоилии ҷаҳон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоъилиёни ҷаҳон шудааст.
Бино бар омори расмӣ, шумораи пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон ба бештар аз 200 ҳазор мерасад.